Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
РӮДАКӢ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва миёнаи касбӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 510 хонанда ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбии ноҳия аз рӯйи 8 номинатсия — математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ сабқат менамоянд.
Ба маҳорати иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявӣ, фаҳмиши моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо баҳо гузошта мешавад.
Зимни ифтитоҳи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо ба татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) мусоидат намуда, дар кашф ва рушду такмили истеъдодҳои нав нақши муҳим мебозад. Бояд гуфт, ки дар замони пешрафти илму техника ва технологияҳои муосир таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат яке аз вазифаҳои асосии ҷомеа ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






