Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад.
Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт- дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Масъулин бо ҳолати техникӣ, ҷойи хоб ва таъминоти ғизоии афсарону аскарони қисми низомӣ шинос шуданд.
Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, барномаи консертии идона пешкаш гардид.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба як зумра сарбозону афсарон барои саҳми арзанда дар самти тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ, ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва дар маҷмуъ фароҳам овардани заминаҳои мусоиди худташаккулёбии ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипоснома» супорида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак чунин иқдоми хайрхоҳонаро, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, мунтазам амалӣ менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






