Дар ҳошияи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои ИДМ вохӯрии рӯзноманигорон доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар ҳошияи Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзноманигорони давлатҳои ин Иттиҳод дар майдони мубоҳисавии «Имконоти воситаҳои ахбори омма дар рушди фазои башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» масъалаҳои мубрами соҳаи воситаҳои ахбори оммаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ олимону муҳаққиқони самти журналистика оид ба нозукиҳои касби журналистика, навовариҳо, кор ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, нигоҳ доштани нозукиҳои кор дар самти воситаҳои ахбори омма, пешрафт ва истифодаи самараноки техникаву технология ва омода намудани мутахассисони варзида дар ин самт сухан гуфтанд.
Ҳамзамон зимни маърузаҳо пешниҳодҳояшонро барои пешрафти ин соҳа манзур намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






