Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт

Май 16, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода таҳти унвони «Инъикоси осори Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Осорхонаи миллӣ» намоиши ҷашнӣ ташкил гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ  «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва ҳам аз ҳисоби фарзандони шоир беш аз  110 нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, аксҳо, наворҳо ва китобҳо ба маърази тамошо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ва саҳми боризи ӯро дар рушди адабиёт нишон медиҳанд.

Дар гӯшаи авввали намоиш аксҳои иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзода дар ноҳияи Рашт аз 13 сентябри соли 2024 гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар назди идораи ҷамоат осорхонаи шоир Боқӣ Раҳимзода сохта  ва нимпайкараи шоир гузошта шудааст, ки ҳар нафар метавонад бо намунаи ашъор ва зиндагиномаи шоири зиндаёд шинос шавад.

Дар қисмати навбатии намоиш асари рассоми машҳури Тоҷикистон Иван Лисиков гузошта шудааст. Асар соли 1984 эҷод ва аз ҷониби муаллиф «Дӯстон» номгузорӣ шудааст. Муаллиф бо маҳорати хоссаи рассомӣ чеҳраи дӯстони асил Боқӣ Раҳимзода ва Мирзо Турсунзодаро ба тасвир кашидааст. Ин асар яке аз мусаввараҳои нодири Осорхонаи миллӣ мебошад.

Асари дигари ба намоишгузошта низ ба эҷодиёти рассоми чеҳранигор Иван Лисиков  мутааллиқ буда, «Симои Боқӣ Раҳимзода»  ном дорад. Рассом чеҳраи файзбори устодро соли 1970 тасвир намудааст.

Ёдовар мешавем, ки   115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар асоси  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аз 2 январи соли  2025 тасдиқ гардидааст, баргузор шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 16, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид