Дар Санкт-Петербург Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19–21 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург-2025 баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар форум масъалаҳои калидии соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди рақамӣ, ҳифзи муҳити зист, арбитражи сармоягузорӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамгироии қонунгузорӣ дар шароити ҷаҳони муосир баррасӣ гардиданд.
Ин форуми сатҳи баланд яке аз муҳимтарин платформаҳои муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқӣ дар фазои Авруосиё ба шумор меравад.
Иброз гардид, ки форум ба тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ, мубодилаи таҷриба, ташаккули сиёсати ҳуқуқии устувор ва таълифи тавсияҳои мушаххас барои ислоҳоти қонунгузорӣ мусоидат менамояд.
Муколамаи васеи таҷрибаи давлатҳои гуногун ва рушди ҳамкории судӣ яке аз бахшҳои муҳими форум буд.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






