Дар шаҳри Қазвини Эрон фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 май дар шаҳри Қазвини Эрон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Қазвин, ҳамчунин бо фаъолони иқтисодии ин вилояти Эрон мулоқотҳо анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, дар мулоқот бо раиси вилояти Қазвин Маҳмуд Нӯзарӣ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ бо раиси шаҳри Қазвин Маҳдии Саббоғӣ масъалаи барқарорнамоии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Қазвин ва яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон матраҳ гардид.
Дар мулоқот бо раиси Утоқи (Палатаи) бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвин Маҳдии Абдиён ва фаъолони иқтисодии вилоят зарфият ва тавонмандиҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ҷонибҳо алоқамандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самтҳо баён карданд. Ҷониби эронӣ барои баргузории намоишгоҳи молу колои Қазвин дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик изҳори алоқамандӣ намуд.
Ҳайати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Қазвин дар барномаи «Панҷоҳбадар»-и ин шаҳр иштирок намуда, фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Дар ибтидои барнома Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба муштаракоти фарҳангии ду мамлакат, бахусус ҷашни Наврӯз ва оинҳои дигари ниёгон, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлати соҳибистиқлоли тоҷикон эҳё гардида, бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, сухан гуфт. Ҳамзамон аз таҳкими рӯзафзуни ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Эрон изҳори ризоият намуд.
Сипас шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш, ҳамчунин шоирон ва адибони Қазвин шеърхонӣ намуданд.
Дар идома Муҳаммад Нузарӣ – устондори (раиси вилояти) Қазвин ба зарфияти иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳии Қазвин ишора намуда, дар ин заминаҳо хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуд.
Иҷрои барномаи мусиқӣ ба ҳамоиш анҷом бахшид.
Ҷашни «Панҷоҳбадар» ҳар сол баъди 50 рӯзи Наврӯз ба нияти фаровонии борон таҷлил шуда, рамзи ҳамбастагии инсон бо табиат аст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон










Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






