Дар шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2025» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2025» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии озмун рушди тафаккури хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои мебошад. Баргузории чунин озмунҳо ба муаррифии истеъдодҳои нав, ташаккули рушди қобилияти муҳассилин ва ҳавасмандии онҳо мусоидат менамояд.
Озмун ҳамасола бо мақсади амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» барои интихоби хонандагони болаёқат ва худогоҳу хештаншинос баргузор карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд






