Дар Шанхай вохӯрии роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақаҳои наздимарзии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид

Май 13, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар Шанхай вохӯрии 8-уми роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақаҳои наздимарзии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Мулоқот таҳти раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин хабар дод, дар ҳамоиш намояндагони мақомоти соҳавии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин вакилони Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Дафтари пекинии барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба иттилооти кайҳонӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва бартарафнамоии офатҳои табиӣ (UN-SPIDER) иштирок намуданд.

Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти огоҳӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар навоҳии наздисарҳадӣ, баланд бардоштани омодагӣ ба вокуниш ба хатарҳои фаромарзӣ, такмили механизмҳои табодули иттилоот ва баргузории машқҳои муштарак баррасӣ шуданд.

Иштирокчиён ҳавасмандияшонро ба рушди минбаъдаи ҳамкории амалӣ, табодули таҷриба ва амалияи пешқадам дар соҳаи мудофиаи гражданӣ тасдиқ намуда, барои афзун намудани ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар доираи механизмҳои вокуниши минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин

Май 13, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд