Дар Тоҷикистон баҳогузории глобалии низоми омори миллӣ идома дорад

Май 26, 2025 11:26

ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 22 май дар Тоҷикистон ҳайати коршиносон оид ба баҳогузории глобалии низоми омори миллӣ ба кор оғоз намуд, ки то 28 май идома меёбад.

Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баҳогузории глобалии низоми омори миллӣ ба рушди соҳаи омори давлатӣ мусоидат менамояд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор фаъолият бурда, ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 амалӣ менамояд. Дар  Тоҷикистон нишондиҳандаҳои омории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ карда мешаванд.

Дар баҳогузории глобалии низоми омори миллии Тоҷикистон коршиносон аз Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо, Омори Аврупо, Ассотсиатсияи савдои озоди Аврупо  ва намояндагони мақомоти омор аз Норвегияю Исландия иштирок доранд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2025 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад