Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мегарданд

Май 17, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон барномаи консертии устодони санъати Озарбойҷон пешниҳод мегардад.

Ҳамчунин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи «Мероси миллӣ: дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон» манзур гардонида мешавад.

Дар назар аст, ки 21 май дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов  Шоми мусиқии этноҷаз доир гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад