Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон доир мешаванд

Май 13, 2025 14:16

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон доир мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар назар аст, ки дар доираи баргузории рӯзҳо барномаи консертӣ ва ҳунарҳои мардуми Озарбойҷон пешниҳод гарданд.

Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ барои ҳамаи дӯстдорони санъат воқеаи муҳим ва таърихӣ аст. Зеро рӯзҳои фарҳангӣ робитаи ду давлатро боз ҳам мустаҳкам менамоянд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳамкории илмию фарҳангии ду давлат яке аз саҳифаҳои дурахшони равобити Тоҷикистон ва Озарбойҷон маҳсуб мешавад. Зеро табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, амалӣ сохтани барномаҳои фарҳангию мусиқӣ ва иштироки аҳли илму фарҳанг дар маросими фарҳангӣ афзалияти асосии ин муносибатҳо мебошанд.

Қаробати жанрҳои мусиқии классикии Шашмақоми тоҷикӣ ва Мақоми озарӣ, инчунин ҳамнавоии Фалаки тоҷикӣ ва Ошиқи озарӣ заминаи хуб барои чунин ҳамкорӣ мебошад.  Баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ, аз қабили рӯзҳо ва ҳафтаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва ҷашнвораҳои филм дар таҳкими равобити фарҳангӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 20 то 24 майи соли 2024 дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи он барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон доир шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 13, 2025 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад