Дар ҳудуди ёдгории таърихии Ҳалқаҷар корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз шуданд

Май 26, 2025 16:41

ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи Агентии  ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносиро дар ҳудуди ёдгории таърихии Ҳалқаҷар, ки дар деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷойгир аст, оғоз намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир, ки то ҳол мавриди омӯзиши густурда қарор нагирифтааст, дар оянда имконият медиҳад, ки саҳифаҳои нави таърихи миллати тоҷик кушода ва дастраси мардуму аҳли илм гарданд.

Ёдгории  Ҳалқаҷар яке аз ёдгориҳои машҳури замони сулолаи Кушониён буда, дар ноҳияи Хуросони Вилояти Хатлон воқеъ аст. Дар ин мавзеъ солҳои 1958, 1973, 1981 аз ҷониби бостоншиносон Зеймал Т.И., Литвинский Б.А. ва Седов А.В. ҳафриёт гузаронида шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ ин ёдгориро соли 2001 академик Юсуфшоҳ Яъқубов ва солҳои 2014 ва 2020 мутахассисони Осорхонаи миллӣ мавриди омӯзиш қарор дода, осори гуногуни таърихӣ пайдо намуданд.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Осорхонаи миллӣ таҳқиқу омӯзиш ва кашфи осори нодири таърихӣ аз ёдгориҳои бостонии ҳудуди Тоҷикистон мебошад.

 АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 26, 2025 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад