Дар Вазорати маориф ва илм рафти иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид

Май 24, 2025 13:25

 ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи васеи корӣ доир гардид, ки дар он рафти иҷрои барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор гирифт,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 Дар ҷаласа иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки  дар ноҳияи Данғара  17 майи соли равон  баён гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини Сарвазир  аз мушкилиҳои асосии соҳа,  дар сатҳи паст қарор доштани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ва ба таври зарурӣ ҷалб нагардидани соҳибкорону сармоягузорон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва  вазъи таъмини  онҳо бо кадрҳои баландихтисос  ёдовар шуд.

Инчунин Дилрабо Мансурӣ аз ба таври зарурӣ иҷро нагардидани  Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ изҳори нигаронӣ намуд.  Барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва  раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муваззаф гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 24, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд