Дар вилояти Хатлон 128 ҳодисаи садамавии роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар чор моҳи соли равон дар ҳудуди роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 128 ҳодисаи садамавии роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 55 ҳодиса марговар мебошад. Дар ин ҳодисаҳои садамавӣ 146 нафар маҷруҳ ва 78 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазораи корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Садамаҳо асосан аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт, риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми идораи нақлиёт рух додаанд.
Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра маҳсуб шуда, масъулин барои беҳтар намудани шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифода аз тамоми имконот мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар ин замина бо мақсади пешгирии ҳолатҳои садамавӣ, коҳиш додани қоидавайронкунӣ дар роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалиёти шартии «Суръат» ба нақша гирифта шуд.
Дар доираи ин амалиёт нозирони минтақавии роҳҳо давоми 10 рӯз 3437 ҳолати қоидавайронкунӣ ошкор намуданд. Аз ин шумора 720 ҳолат бо сабаби баланд бардоштани суръати ҳаракат дар роҳ мебошад.
Мутаассифона, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, солҳои охир ба амал омадани садамаҳо бо сабабҳои гуногун, аз қабили бо суръати баланд ба ҳаракат даровардани нақлиёт, хусусан мошинҳои сабукрав, инчунин риоя нагардидани қоидаи ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард аз ҷониби ронандагоне, ки таҷрибаи хуби ронандагӣ надоранд ва истифодаи телефонҳои мобилӣ бештар гардидааст.
Бояд гуфт, ки бо мақсади назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаю қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва «Шаҳри ҳушманд» амал менамояд. Дар доираи ин лоиҳа, дар роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои сайругашти оммавии мардум камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.
Дар назар аст ин лоиҳаҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ амалӣ гашта, камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шаванд. Дар айни замон лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ мегардад.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаю қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад. Дар доираи ин лоиҳа, дар роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои сайругашти оммавии мардум камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.
«Шаҳри ҳушманд (Smart city)» унсурест, ки дар асоси охирин назарияҳо такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва иртиботот (коммуникатсия) ба роҳ монда мешавад.
Яке аз самтҳои асосии «Шаҳри ҳушманд» баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва пешгирӣ намудани шумораи ҷиноятҳо тавассути технологияҳои рақамӣ ва дигар технологияҳои инноватсионӣ мебошад.
Ба тариқи маҷмааи назорати видеоӣ вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ ба навор гирифта шуда, бо сабти вақт ва ҷойи содиршавии ин қоидавайронкуниҳо ба маркази идоракунӣ дода мешавад. Дар натиҷа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин наворҳоро метавонанд ҳамчун далел истифода баранд.
Фаъолияти низоми нави сабти қоидавайронкунӣ имкон медиҳад, ки низоми дурусти ҳаракати нақлиёт таъмин гардад.
Дар баробари ин агар ҳар як ронанда ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷиддӣ муносибат намояд, пиёдагардон қоидаҳоро дуруст риоя намоянд, ба ҳодисаҳои нақлиётӣ дучор намешаванд ва ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо низ зарар намерасад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






