Дар Женева доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо нишасти хабарӣ баргузор шуд

Май 7, 2025 11:11

ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 май бо ташаббуси  Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева ва дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) дар қароргоҳи ин Созмон доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, нишасти хабарӣ баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева хабар доданд, дар нишасти хабарӣ  намояндагиҳои доимии кишварҳо дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, инчунин созмону ташкилоти байналмилалӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дод шуд, ки нишасти хабарӣ бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ, ташвиқи иштироки васеъ ва таъкиди зарурати амалҳои таъхирнопазири глобалӣ барои пешгирии обшавии пиряхҳо доир  гардид.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда, натиҷаҳои он ба равандҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла COP30, Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар платформаҳои глобалӣ бахшида мешаванд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева

Май 7, 2025 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид