Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд дар чемпионати CAFA-2025 иштирок менамояд

Май 19, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати навдаъвати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2025) аз 24 то 31 май дар Тошканд иштирок менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар чемпионати CAFA-2025 шаш дастаи минтақа иштирок менамояд: Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон. Дар қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо дар як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойи дуюмро ишғол мекунанд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Инчунин бозӣ  барои ҷойҳои панҷум-шашум баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд доир мешаванд.

Бояд гуфт, ки ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар мусобиқаи CAFA 7 бозингаре, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ иштирок  доштанд, даъват шудаанд.

Баъди ба даст овардани роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 ҳайати нави дастаи мунтахаби наврасони мо роҳхати мустақими Ҷоми Осиё-2026-ро соҳиб гардида, аз бозиҳои интихобӣ озод аст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 19, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд