Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Қатар ба тамрин шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе дар Қатар ҷамъомади тамриниро шуруъ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳадафи ин ҷамъомад омода кардани даста ба бозиҳои моҳи июн бо дастаҳои миллии Камбоҷа ва Филиппин аст.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон 5 июн бо тими Камбоҷа вохӯрии дӯстона доир карда, 10 июн бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо дастаи Филиппин анҷом медиҳад.
Қаблан ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳайати мунтахабро барои бозиҳо бо Камбоҷа ва Филиппин эълон кард, ки ба он 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомил гардиданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






