Деҳқонони ноҳияи Фархор аз усулҳои муосир — кишти зери плёнкагӣ ва обёрии қатрагӣ васеъ истифода мебаранд

Май 27, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор хоҷагии деҳқонии «Дилноза» фаъолият дорад, ки чанд соли охир дар натиҷаи истифодаи усулҳои муосир — кишти зери плёнкагӣ ва обёрии қатрагӣ ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ба даст меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар хоҷагии мазкур имсол дар 50 садяк кишти картошка гузаронида шуда, боқимондаи замин барои парвариши полезиҳо ва сабзавот ба таври зери плёнкагӣ истифода мешавад.

Хоҷагии деҳқонии «Дилноза» дорои 3,5 гектар замин мебошад, ки он ба таври самаранок истифода бурда мешавад. Хоҷагидор чанд соли охир усули зери плёнкаро васеъ истифода мебарад. Ин навъи кишт имконият медиҳад, ки ҳосилнокӣ боло равад ва маҳсулот дар муҳлати кӯтоҳ ба бозор бароварда шавад.

Инчунин дар гӯшаи дигари заминҳои ин хоҷагӣ боғ бунёд гардидааст. Дар боғ себ, зардолу, олу ва дигар навъҳои дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбанд. Парвариши ниҳолҳои босифат ва нигоҳубини саривақтии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ин хоҷагӣ ба шумор меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ба истифодаи оқилонаи замин ва парвариши зироати серҳосилу босифат таваҷҷуҳи бештар дода шудааст. Инчунин дар шароити тағйирёбии иқлим ва обу ҳавои номусоид, технологияҳои муосир, аз ҷумла кишти зери плёнкагӣ ва обёрии қатрагӣ истифода мегардад, ки натиҷаи хуб нишон дода истодааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 27, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад