Доир ба нақши Ибни Сино дар ташаккул ва рушди илми тиб ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 1045-солагии мутафаккири барҷаста, файласуф, олим, табиби оламшумул, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Нақши Ибни Сино дар ташаккул ва рушди илми тиб» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Шайхурраис ибни Сино яке аз бузургтарин мутафаккирони асри XI мебошад, ки на танҳо дар доираи илми тиб, балки дар фалсафа, мантиқ ва илмҳои табиӣ низ ба сатҳи баландтарин расидааст. Осори Сино, аз ҷумла «Қонуни тиб» ва «Китоби Шифо» то имрӯз яке аз сарчашмаҳои бунёдӣ ва муътамади илми тиб дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд.
Абӯалӣ ибни Сино на танҳо табиби варзида ва олим буд, балки файласуфи пурқудрат буда, маърифати ниҳоят амиқ дошт. Сино илми тибро на ҳамчун як фан, балки ҳамчун санъати ҳаёт ва ифодаи тамомияти инсон медид. Тиб барои ӯ ҳеҷ гоҳ танҳо ҷустуҷӯи дору ва табобат набуд, балки шинохти амиқи муносибати инсон бо муҳити атроф ва нигоҳдории саломатии ҷисму равон буд. Ин хел равиш ба тиб моро ҳоло низ вазифадор месозад, ки ба илми тиб ҳамчун санъат ва илм, ҳамзамон аз нигоҳи илмӣ ва инсонӣ нигоҳ кунем.
Таъкид гардид, ки вақте инсоният бо мушкилоти муосири тиббӣ ва ҷаҳонии саломатӣ, ба мисли бемориҳои сироятӣ, тағйироти генетикӣ, бемориҳои музмин ва таъсири манфии тағйирёбии муҳити зист рӯ ба рӯ аст, нақши мероси Ибни Сино беш аз ҳарвақта равшан мешавад. Илми тибби муосир бояд роҳҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобатро бар асоси таҷриба ва хирадҳои ниёгони бузург, ба мисли Абӯалӣ ибни Сино ва бо истифода аз технологияҳои пешрафта таҳия намояд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор аст, ки омӯзиши мероси Синоро ҳамчун бахши аслии таълим ва таҳқиқот дар соҳаи тиб тақвият бахшад. Ҳамзамон бо роҳбарии Ҳукумат ва ҳамкории байналмилалӣ барои пешрафти илми тиб дар мамлакат кӯшишҳои ҷиддӣ намояд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






