DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 май, дар рӯзи дуюми мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар чор вазн муайян гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳиддин Асадуллоев /дар вазни -73 кг/ медали тилло, Сомон Маҳмадбеков /дар вазни -81 кг/ медали тилло ва Абубакр Шеров /дар вазни -73 кг/ медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа:
Занон
-63 кг
1. Чанхайч Болд /Муғулистон/
2. Малика Аучекорне /Фаронса/
3. Лубяна Пиовесана /Австрия/
3. Сейко Ватанабе /Ҷопон/
-70 кг
1.Лара Квйетко /Хорватия/
2. Келли Полард /Британияи Кабир/
3. Ю Дан /Чин/
3. Катарзина Собиерайска /Лаҳистон/
Байни мардон
-73 кг
1. Муҳиддин Асадуллоев /ТОҶИКИСТОН/
2. Эрденебаяр Батзая /Муғулистон/
3. Абубакр Шеров /ТОҶИКИСТОН/
3. Ҳоҷиакбар Тошев /Узбекистон/
-81 кг
1. Сомон Маҳмадбеков /ТОҶИКИСТОН/
2. Адам Тсечоев /дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо/
3. Муродҷон Юлдошев /Узбекистон/
3. Коте Капанадзе /Гурҷистон/
Пагоҳ, 4 май дар рӯзи охири мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн: — -78 кг, +78 кг байни занон ва -90 кг, -100 кг ва +100 байни мардон қувва меозмоянд. Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 13 ҷудочӣ иштирок менамояд.
Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали нуқра, Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ ва Мадина Қурбонзода (дар вазин -52 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
АКС:Федератсияи байналмилалии ҷудо












Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд






