DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд

Май 4, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 04.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 май рӯзи охири Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи охири мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 5 вазн:  -78 кг, +78 кг  байни занон ва -90 кг, -100, +100 кг байни мардон қувва меозмоянд.

Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 13 ҷудочӣ иштирок менамояд.

Байни мардон

Вазни -90 кг: Музаммир Каримзод, Шодмон Ризоев,  Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода,  Умедҷон Раҷабов

Вазни -100 кг:  Муҳсин Малаев, Парвиз Абдураҳмонов, Ҷаҳонгир Маҷидов,  Кароматулло Ҳакимов

Вазни +100 кг:  Темур Раҳимов, Раҳматулло Мирзоев,  Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Мансур Раҳмон

Байни занон

Вазни +78 кг: Виктория Киселёва

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Дар «Dushanbe Grand Slam- 2025» 226 варзишгар, ки 123 мард ва 103 зан мебошанд ва 27 давлати ҷаҳону 4 қитъаи оламро намояндагӣ менамоянд, иштирок доранд.

Дар рӯзи аввал  ва дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали нуқра, Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ, Мадина Қурбонзода (дар вазин -52 кг) медали биринҷӣ, Муҳиддин Асадуллоев  дар вазни -73 кг медали тилло, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали тилло ва Абубакр Шеров дар вазни -73  медали биринҷӣ ба даст оварданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 4, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд