ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ АКСҲО. «Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон- бинои Ҳукумат ва бинои Парлумони Тоҷикистон»
ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таҳти унвони «Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон – бинои Ҳукумат ва бинои Парлумони Тоҷикистон» озмуни аксҳо эълон менамояд.
Моҳи июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ифтитоҳи маҷмааи биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кумаки бебозгашти Чин бунёд карда шудаанд, баргузор гардид.
Бахшида ба ин рӯйдоди муҳим озмуни аксҳо гузаронида мешавад, ки барои иштирок дар он тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мегарданд.
Муҳлати баргузорӣ:
Қабули дархостҳо: аз лаҳзаи кунунӣ то 2 июни соли 2025.
Баҳодиҳии корҳо: нимаи аввали моҳи июни соли 2025.
Маросими супоридани ҷоиза: нимаи моҳи июни соли 2025.
Шартҳои иштирок:
Дар он тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.
Ба ҳар иштирокчӣ иҷозат дода мешавад, ки то 3 кор (як акс ё силсилааксҳои дорои то 5 тасвир)-ро пешниҳод намояд.
Файлҳо бояд дар шакли JPG/JPEG, андозаи аз 3 то 15 МБ, бо ҳадди ақалли 300 dpi бошанд.
Аксҳо бояд аслӣ, бе истифодаи зеҳни сунъӣ гирифташуда, бе логотип, нишони обӣ ё таблиғи пинҳонӣ бошанд.
Мавзуи асарҳо: зебоии меъморӣ, тағйироти мавсимӣ, эҳсосоти тамошобинон, дӯстии Чин ва Тоҷикистон.
Пешниҳоди дархостҳо:
Барои ҳар кор шумо бояд унвон ва тавсиф (то 200 калима) пешниҳод намоед.
Шумо метавонед мақолаеро дар бораи таърихи аксҳо замима кунед.
Мукофотҳо:
Ҷойи 1 1 нафар Диплом ва 10 000 сомонӣ
Ҷойи 2 3 нафар Диплом ва 5000 сомонӣ
Ҷойи 3 6 нафар Диплом ва 3000 сомонӣ
Мукофоти фахрӣ 20 нафар Диплом ва армуғонҳои чинӣ
Ба ҳамаи иштирокчиён шаҳодатномаҳои Сафорати Чин дар Тоҷикистон дода мешаванд. Ғолибони ҷойҳои 1-3-юм ба маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ даъват карда мешаванд.
Барои иштирок кори худро ба почтаи электронии chinaemb_tj@mfa.gov.cn фиристед.
Тафсилотро дар бораи озмун, шартҳо ва анкета дар ин манбаъ пайдо намудан мумкин аст.








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






