Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 сармояи мустақими хориҷӣ дар вилояти Хатлон умуман ба қайд гирифта нашудааст»
ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз намуданд, ки «дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 ҷалби сармояи хориҷӣ дар вилояти Хатлон ҳамагӣ ба 27 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 63 фоиз коҳиш ёфтааст ва сармояи мустақими хориҷӣ дар вилоят умуман ба қайд гирифта нашудааст».
Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳиссаи сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ чандон назаррас набуда, ҳамагӣ 812 миллион сомонӣ ё 5,5 фоизро ташкил додааст.
Дар робита ба ҳамин масъала Пешвои миллат Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва вазорату идораҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро бобати ҷалби сармояи мустақим барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва таъсиси ҷойи нави кор куллан вусъат бахшанд.
Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «имконоти истифоданашуда дар самти рушди саноат дар минтақаҳои мамлакат, махсусан саноати коркард дар вилояти Хатлон ниҳоят зиёданд. Барои пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватанию хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур мебошад».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






