Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо назардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар мамлакати мо Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.
«Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034» саҳми муносиб гузоранд», -иброз намуданд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидӣ иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд.
Омӯзиши намунаи ях аз пиряхи Ванҷях (машҳур бо номи Федченко), яке аз пиряхҳои калонтарини воқеъ дар хушкӣ бо дарозии 77 километр ва ғафсии то як километр метавонад барои инсоният таърихи ҳазорсолаҳои иқлимро ошкор намояд.
Зимнан, ба гуфтаи Пешвои миллат ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб менамояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд






