Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад»

Май 30, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо  бо назардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар мамлакати мо Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.

«Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034» саҳми муносиб гузоранд», -иброз намуданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат таъкид  намуданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидӣ иҷро намуда, барои ҳифзи иқлими глобалӣ низ аҳаммияти муҳим доранд.

Омӯзиши намунаи ях аз пиряхи Ванҷях (машҳур бо номи Федченко), яке аз пиряхҳои калонтарини воқеъ дар хушкӣ бо дарозии 77 километр ва ғафсии то як километр метавонад барои инсоният таърихи ҳазорсолаҳои иқлимро ошкор намояд.

Зимнан, ба гуфтаи Пешвои миллат ҳолати кунунии ин пиряхҳо таҳқиқоти илмии дақиқро талаб менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
 АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид