Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ҷамъбаст гардид

Май 7, 2025 09:34

ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ба ҷашни ҳақиқии санъат табдил ёфта, намояндагони мактабҳои театрӣ ва фарҳангҳои мухталифро дар як саҳна муттаҳид намуд. Ин матлаб зимни ҷамъбасти фестивал, ки 6 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ба таҳкими робитаҳои фарҳангии давлатҳо, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани замина барои табодули таҷриба нигаронида шудааст. Инчунин он ба ҳифз ва рушди санъати театрӣ мусоидат менамояд».

Ин фестивал бори дигар собит намуд, ки театр забони умумибашарӣ буда, қодир ба убури марзҳо ва муттаҳидсозии мардум аст.

Дар фестивал ҳунармандони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Давоми як ҳафта ҳунармандони ин давлатҳо намоишҳояшонро дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобинон гардониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2025 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид