Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» дӯстдорони санъати театрро ҷамъ овард
ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо иштироки ҳайатҳои театрии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни ифтитоҳи фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки «ин чорабинии фарҳангӣ боиси хушҳолии аҳли санъати халқи тоҷик аст. Зеро имрӯз ин фестивал дӯстдорони санъати театрро аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷамъ оварда, беҳтарин намоишномаҳо пешниҳоди тамошобинон мегарданд».
Иброз гардид, ки Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз»бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.
«Театри тоҷик дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ноил гардид. Рӯйи саҳна овардани намоишҳои хотирмон, ки имрӯз аз ҷониби тамошобин хуш қабул гардида истодааст , далели ин гуфтаҳо мебошад»,- афзуд Матлубахон Сатториён.
Театр дар ҷомеа рисолати бузурге бар дӯш дорад. Аз ин хотир ҳар халқу миллате, ки ба театр арҷ мегузорад, бо забону фарҳанги худ дар олам шинохтаю пешоҳанг аст. Театр қодир аст, ки ба умқи дили инсонҳо роҳ ёфта, онҳоро ба ҷаҳони андеша водор созад ва дар ташаккули руҳу равон ва маънавиёти онҳо таъсир расонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо чунин иброз доштаанд: «Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад».
Дар маросими ифтитоҳи фестивал операи «Рӯдакӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов пешниҳод гардид. Ин намоиш аввалин бор соли 1976 рӯйи саҳна омада, аз ҷониби тамошобинон хуб қабул гардид. Намоиш аз тарафи мунаққидон сазовори баҳои баланд гардида, то имрӯз дар саҳнаи театр гузошта мешавад.
Имрӯз, 3 май, соати 11:00 намоиши «Одоби шикори рӯбоҳ»-и Театри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва соати 17:30 намоиши «Никоҳи пинҳон»-и Театри давлатии академии мусиқии бачагонаи Москва ба номи Наталя Сатс дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки фестивали байналмилалӣ 6 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбаст мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






