Фонди ОПЕК маблағгузории лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистонро идома медиҳад

Май 21, 2025 10:52

ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки исломии рушд, ки аз 19 то 22 майи соли равон дар шаҳри Алҷазоир баргузор мегардад, 20 май вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки исломии рушд (БИР) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори кулли Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт барои рушди байналмилалӣ (ОПЕК) доктор Абдулҳамид Алхалифа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷараёни иҷрои супоришҳоро аз натиҷаи вохӯрии сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ аз 20 декабри соли 2023 ва мувофиқаҳои бадастомадаро вобаста ба лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат пайгирӣ намуданд. Ҳамзамон татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаро дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус инфрасохтор, энергетикаи «сабз», соҳаи иҷтимоӣ ва тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор доданд.

Завқӣ Завқизода саҳми Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт барои рушди байналмилалиро дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ назаррас арзёбӣ карда, барои боз ҳам зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ даъват намуд.

Доктор Абдулҳамид Алхалифа омодагии Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт барои рушди байналмилалиро барои идомаи маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистон изҳор намуд.

Бояд гуфт, ки Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт барои рушди байналмилалӣ аз оғози ҳамкорӣ то имрӯз ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла роҳсозӣ, энергетика, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон қариб 200 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2025 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»