Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Май 16, 2025 09:31

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15  то 17 май дар мамлакат баландшавии ҳарорати ҳаво  дар назар аст. Барои ин давраи моҳи май чунин ҳавои гарм  ғайримуқаррарӣ ҳисобида мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ҳаво аз 34+39 то 37+42 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад. Ин ҳарорати баланди ғайримуқаррарии ҳаво ба саломатии инсонҳо чӣ таъсир дорад? Оё он сабаби бемориҳои ғайрисироятӣ ва пайдоишу паҳншавии бемориҳои сироятӣ намегардад?

Дар робита ба ин директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Ҳикматуллозода иброз намуд, ки аз ҳад зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво ва чангу ғубор метавонад боиси авҷи бемориҳои дилу рагҳо, диққи нафас, диабети қанд ва фишорбаландӣ гардад.

Тағйири иқлим ва ҳавои гарм ба саломатии инсонҳо таъсир расонида, боиси бемориҳои ғайрисироятӣ ва пайдоишу паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад. Ҳарорати баланд ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар мерасонад, зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм мубодила ва мувозинати оби организм метавонад вайрон шавад. Аз ин рӯ, ба кӯдакон бояд бо меъёри муқарраргардида об нӯшонид ва рӯзона набояд гузошт, ки онҳо дар зери шуои сӯзони Офтоб зиёд гаштугузор намоянд.

«Сокинони мамлакат  дар чунин рӯзҳо бояд либоси сабуки аз матои табиӣ дӯхташуда ба бар намояд.  Ба онҳо камтар ва тез-тез истеъмол намудани таоми сабук тавсия дода мешавад.  Модарон бояд ҳангоми дарунравӣ, шамолкашӣ ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ба кӯдакон об ва нӯшокиҳои зиёд нӯшонанд. Зеро дар ҳолати беморӣ, ҳангоми қайкунӣ ё дарунравӣ кӯдакон оби баданашонро зиёд талаф медиҳанд, ки ин метавонад боиси камобшавии организм гардад», — тавсия медиҳад Малоҳат Ҳикматуллозода.

Инсон давоми як шабонарӯз бояд на камтар аз 1,5-2 литр об нӯшад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки истифодаи бештари об низ ба организм зарар дорад. Пас обро кадом вақт нӯшидан беҳтар аст?

Ба иттилои мутахассисон, шахс  вақте аз хоб бедор мешавад, бояд як истакон об бинӯшад — ин ба «оғоз» кардани кори тамоми узвҳои дарунӣ кумак мерасонад. Ҳамеша 30 дақиқа пеш аз хӯрок 1 истакон об бинӯшед. Ин ба суръатбахшии мубодилаи моддаҳо ва беҳтар кардани кори узвҳои ҳозима мусоидат менамояд. Инчунин нӯшидани як истакон об пеш аз хоб ба шумо имкон медиҳад, ки на танҳо хоби беҳтар равед, балки бори дилро коҳиш диҳед.

Давоми чанд соли охир бо тағйирёбии иқлим мавҷҳои шадиди гармо ва ҳарорати баланд ба саломатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки дорои бемориҳои музмин мебошанд, таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд. Аз зери таъсири бевоситаи гармии Офтоб худро дур нигоҳ доред, дар хона вақти худро бештар дар ҳуҷраи салқин гузаронед. Агар шахс дар худ аломатҳои сарчархзанӣ, заифӣ, ташвиш, ташнагии шадид ва ё дарди сар ҳис кунад, бояд ҳарчи зудтар ба корманди тиббии маҳали зист ё ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 16, 2025 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид