Ингминг Янг: «Саҳм ва пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва иқлим арзиши бузург доранд»

Май 28, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳм ва пешниҳодҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди барномаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи захираҳои оби фаромарзӣ ва ҳифзи пиряхҳо дорои арзиши бузург ва таъсири муассир мебошанд», – изҳор дошт имрӯз дар шаҳри Душанбе ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон .

Ингминг Янг таъкид намуд, ки давоми се рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ба андешаи ӯ, ин ҳамоиши сатҳи баланд чорабинии муҳими байналмилалӣ буда, барои тақвияти ҳамкорӣ байни ҷонибҳои гуногуни манфиатдор ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим ва об аҳамияти хосса дорад.

«Коҳиш ва нобудшавии пиряхҳо ба ҳаёт ва зиндагии зиёда аз 2 миллиард аҳолии сайёра таҳдид мекунад. Барои муқовимат бо ин раванд зарур аст, ки тадбирҳои фаврӣ ва бетаъхир амалӣ карда шаванд. Саҳм ва ташаббусҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи нақши пешбарандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими глобалӣ мебошанд», — афзуд ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд.

Ингминг Янг ҳамзамон иттилоъ дод, ки солҳои наздик Бонки Осиёии рушд барои дастгирии нуҳ кишвари осебпазир аз тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо ва пешбурди рушди устувор беш аз 3,5 миллиард доллари ИМА ҷудо хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг барои иштирок дар аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст