Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд

Май 30, 2025 10:09

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май ҳайати баландпояи иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 май дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисорро тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

  Меҳмононро дар регистони Қалъа Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода истиқбол  намуда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.

Сипас, меҳмонон Арк, Қасри ҳоким, Аскархона, Амфитеатр, инчунин растаю дӯконҳои ҳунармандиро тамошо карда, аз таъриху фарҳанги пурғановату бостонии Ҳисор огоҳ гардиданд. Ҳамзамон меҳмонон  бо таърихи беш аз сеҳазорсолаи Ҳисори Шодмон, ки далели яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон будани тоҷикон мебошад, шинос шуданд.

 АКС: Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 30, 2025 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд