Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май ҳайати баландпояи иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 май дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисорро тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Меҳмононро дар регистони Қалъа Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода истиқбол намуда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Сипас, меҳмонон Арк, Қасри ҳоким, Аскархона, Амфитеатр, инчунин растаю дӯконҳои ҳунармандиро тамошо карда, аз таъриху фарҳанги пурғановату бостонии Ҳисор огоҳ гардиданд. Ҳамзамон меҳмонон бо таърихи беш аз сеҳазорсолаи Ҳисори Шодмон, ки далели яке аз миллатҳои қадимтарини ҷаҳон будани тоҷикон мебошад, шинос шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд






