Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз Чин бо яке аз маконҳои таърихии Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 май иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Ҳисор рафта, бо ҳунарҳои миллӣ ва таърихи ин минтақа шинос шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ доданд, меҳмонон бо Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯзандагии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор шинос шуданд.
Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯзандагии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар доираи ҳамкории муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин таъсис ёфта, дар он духтарони маҳаллӣ ба касби дӯзандагӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар идома меҳмонон Осорхона, Арк, Қасри Ҳоким, Аскархона, Амфитеатр ва дӯкону растаҳои ҳунармандии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисорро тамошо карда, бо таърихи Ҳисори бостон шинос шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон











Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






