Камолиддин Назирзода: «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барои тақвияти ҳамкорӣ такони бузург аст»
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Барои мо ҳамчун мутахассисони соҳа, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул ҳастем, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ниҳоят муҳим аст, зеро дар доираи он имкон пайдо мекунем, ки бо олимону мутахассисони сатҳи минтақавию байналмилалӣ табодули назар ва таҷриба намоем», — изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Назирзода 30 май зимни баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе идома дорад.
Ба иттилои Камолиддин Назирзода, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳон нахустин ҳамоиш дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо буда, он имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтааст.
«Конфронси байналмилалӣ барои баҳамоии коршиносону мутахассисон ва ҷонибҳои манфиатдори сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати баррасии масоили марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва дарёфти роҳҳои нав дар ин масъала қадами муҳим аст», — иброз дошт муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Коршиноси соҳа дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо боздиди намояндагони созмонҳои байналмилалиро тавассути чархболҳо аз пиряхи калонтарини Тоҷикистон- Ванҷях воситаи арзёбӣ намудани муҳиммияти ин конфронс барои ҷомеаи ҷаҳон ном бурд.
«Мақсади асосии пеш аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ташкил намудани парвоз тавассути чархбол ба пиряхҳои Тоҷикистон барои меҳмонон-иштирокчиёни конфронс- нишон додани ҳолати пиряхҳои мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Вақте онҳо бо чашмони худ ҳолати кунунии пиряхи калонтарини Тоҷикистон- Ванҷяхро мебинанд, вазъиятро хубтар дарк менамоянд. Яъне, онҳо ба хулосае меоянд, ки ин масъала дар ҳақиқат мубрам буда, кӯшишҳои Тоҷикистон дар ин самт муҳиму саривақтӣ мебошанд», — афзуд Камолиддин Назирзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар».
Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






