Китоби «Устод Айнӣ, таърих, сиёсат» ба нашр расид

Май 17, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода таҳти унвони «Устод Айнӣ, таърих, сиёсат» ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар саҳифаи нахустини китоб таъкид карда шудааст, ки се асари мукаммали таърихию адабии устод Садриддин Айнӣ – «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» ва «Таърихи инқилоби Бухоро» намунаи нахустин ва олии асари таърихию публитсистӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳар се асар дар як давраи кӯтоҳ – аз соли 1918 то соли 1921 эҷод шуда, доир ба ин асарҳо дар адабиётшиносӣ ва публитсистикаи тоҷик таҳқиқоти фарогир анҷом дода нашудааст.

Ҳадаф аз таҳқиқи асарҳои «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» ва «Таърихи инқилоби Бухоро» ва таҳияи китоби «Устод Айнӣ, таърих, сиёсат» муайян намудани аҳамияти сиёсии рисолаҳои таърихии Садриддин Айнӣ ва таъсири онҳо дар худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Эҳсон Сафарзода муаллиф ва мураттиби 12 монография, дастури таълимӣ ва китоби илмию таълимӣ, инчунин муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ, публитсистӣ ва таълимию тарбиявӣ мебошад. Қаблан монографияю китобҳои «Ҳувияти миллӣ дар осори публитсистии Садриддин Айнӣ», «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ», «Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон», «Назаре ба публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ», «Президент, истиқлол, ваҳдат, маориф», «Муаррифгари миллати тоҷик» ва чанде дигарро ба табъ расонидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст