КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Чӣ тавр зеҳни сунъӣ расмҳои кӯдаконро ба санъати рақамӣ табдил медиҳад?

Май 28, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Намоишгоҳи байналмилалии «Тағйир додани мушкилоти пиряхҳо ба роҳҳои ҳал» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда,  платформаи калидӣ барои табодули дониш, намоиши дастовардҳои илмӣ, технологияҳо ва ҷалби дастгирии ҷомеа хоҳад буд.

Ҳадафи ин намоишгоҳ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, ошкор кардани миқёси коҳиши пиряхҳо ва оқибатҳои он – экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, муаррифии таҳқиқоти муосир оид ба мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо, нақши онҳо дар иқлим ва системаҳои обҳои ҷаҳонӣ, рушди шарикӣ байни кишварҳо, олимон, созмонҳо ва ҷомеаҳои маҳаллӣ, ҷалби аудиторияи васеъ тавассути намоишгоҳҳои интерактивӣ, барномаҳои санъат ва таълимӣ, намоиш додани ҳалли муосир: мониторинги моҳвораӣ, дронҳо, платформаҳои рақамӣ ва технологияҳои дигар мебошад.

Дар намоишгоҳ доираи васеи иштирокчиён, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷамъ меоянд.

Ҳамчунин намоишгоҳи бадеӣ баргузор мешавад, ки барои баланд бардоштани садои кӯдакон аз фанновариҳои муосир ва абзорҳои зеҳни сунъӣ истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар остонаи конфронс кӯдакон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон дар бораи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим расму андешаҳояшонро пешниҳод намуданд. Бо ёрии зеҳни сунъӣ онҳо ба асарҳои рақамии санъат табдил ёфтанд. Дар намоишгоҳ ин асарҳои хаёлӣ намоиш дода мешаванд. Онҳо дар бораи он ки кӯдакон буҳрони иқлимро чӣ гуна қабул мекунанд, маълумот медиҳанд.

Тасвири ниҳоии якҷоя, ки аз ҷониби зеҳни сунъӣ дар асоси тамоми кори кӯдакон офарида шудааст, ба таври рамзӣ пирях (ё сайёра) ва инчунин паёми илҳомбахшро дар бораи ҳифзи табиат тасвир менамояд.

Ҳамаи ин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва бо дастгирии шарикони байналмилалӣ (аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Дафтари инноватсионии ЮНИСЕФ, GIZ, САҲА ва UNFPA) ташкил карда мешаванд.

Тавассути форум ва намоиши лоиҳаҳо созмондиҳандагон мехоҳанд, ки кӯдакону наврасон иштирокчиёни пешбари конфронси ҳифзи пиряхҳо бошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 28, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ