КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ҳошияи конфронс Форуми кишоварзӣ дар замони талафоти пиряхҳо доир мешавад

Май 28, 2025 08:22

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Кишоварзӣ дар замони талафоти (обшавии) пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо» форум баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Форум дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) доир шуда, дар он коршиносон, намояндагони ватанӣ ва хориҷӣ ба тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок менамоянд.

Дар назар аст, ки дар кори форум масъалаҳо оид ба стратегияҳои асосии мутобиқшавӣ ба захираҳои об ва иқлим дар соҳаи кишоварзӣ ва системаҳои озуқаворӣ, таҷрибаҳои пешқадам ва навовариҳо дар Осиёи Марказӣ,  захираҳои об, замин ва иқлим дар тағйир додани системаҳои озуқавории кишоварзӣ ва масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор гиранд.

Тибқи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 беш аз 50 фоизи пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ аз байн рафта, ба амнияти об ва озуқавории беш аз 64 миллион нафар дар минтақа таҳдид менамоянд. Бо ақибнишинии пиряхҳо ва коҳиши қабати барф интизор меравад, ки дастрасии об боз ҳам мушкилтар гардад ва рақобат барои захираҳои об афзоиш ёбад. Ин ба ҷомеаҳое, ки ба оби пиряхҳо вобастагӣ доранд, таъсир мерасонад. Тағйирёбии суръати обшавии пиряхҳо ва барф ба вақт ва ҳаҷми маҷрои об таъсир расонида, дастрасии обро барои кишоварзӣ ҳам дар баландкӯҳҳо ва ҳам пастиҳо коҳиш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

 АКС: Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

Май 28, 2025 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд