«Корвони саломатӣ». Ба сокинони деҳоти дурдасти вилояти Суғд хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд

Май 12, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои сокинони деҳоти дурдасти вилояти Суғд дар доираи маъракаи солимгардонии «Корвони саломатӣ» ёрии тиббии ройгон расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни баргузории «Корвони саломатӣ»  аз ҷониби табибони дилшинос, ҷарроҳони дилу рагҳои хунгард ва аритмолог шаҳрвандон аз  муоинаи тиббӣ гузаштанд. Шаҳрвандон ҳамзамон ба таври ройгон аз ташхиси эхокардиография ва сабти барқии дил гузаронида шуданд.

Дар ин рӯз ба мутахассиси дилшинос 498 нафар, ҷарроҳи дил — 19 нафар ва ба ҷарроҳи рагҳои хунгард 18 нафар муроҷиат намуданд.

Ҳадафи иқдоми «Корвони саломатӣ» расонидани хизмати тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Иқдом ба ошкор кардани бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйин намудани табобати саривақтӣ равона шудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 12, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид