Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Беларус ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.
Созишномаро Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Ректори Институти ҷумҳуриявии таҳсилоти касбӣ Валерий Голубовский ба имзо расониданд.
Дар асоси санади имзошуда ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии Беларус, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ-техникӣ доранд, рушд намуда, табодули таҷриба ва иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои илмии ҷониби якдигар амалӣ мегарданд.
Аз ҷониби Фарҳод Раҳимӣ таъкид шуд, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун самти меҳварии фаъолият зери таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат қарор дорад. Доир ба таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои нави омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон дар дохилу хориҷ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои хориҷӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолият пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ниҳодҳои илмии байналмилалӣ дар ин самт ба манфиати ҷонибҳо мебошад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






