Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омори охирин нишон медиҳад, ки пиряхҳои дохили мавзеъҳои мероси ҷаҳонӣ ҳар сол тақрибан 58 миллиард тонна яхро аз даст медиҳанд. Агар ин тамоюл давом ёбад, беш аз 400 миллион нафар, аз ҷумла сокинони калонтарин шаҳрҳои дунё метавонанд бо хатари обхезӣ рӯ ба рӯ шаванд. Ин рақамҳо моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои фаврӣ андешем. Чунин иброз дошт ёрдамчии Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Брито 30 май зимни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе.
«Ҷамъ омадани мо дар чунин конфронсҳои сатҳи баланд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки пиряхҳо дар ҷомеа аҳамияти ҳаётӣ доранд. Пиряхҳо барои миллиардҳо одамон оби тозаро таъмин менамоянд, аз ин рӯ танзим намудани онҳо дар ҷомеа нақши калидӣ дорад», — изҳор намуд Лидия Брито.
Ёрдамчии Дабири кулли ЮНЕСКО ҳамзамон баён дошт, ки агарчӣ соли 2025 чун марҳилаи муҳим дар таърихи ҳифзи пиряхҳо сабт гардад ҳам, аммо мо бояд дарк намоем, ки як сол барои муқовимат бо буҳрони криосфера кифоя нест.
Тавре медонем,- гуфт Лидия Брито,- 13 августи соли 2024 зимни баргузории иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи наве таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид. Ин даҳсола ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст. Қабули чунин ташаббуси муҳим дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим, ки таъсири аз ҳама бештари он ба пиряхҳо мерасад, муҳим ва саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонро ба пажуҳиши амиқи илмии пиряхҳо даъват менамояд.
«Мо бо камоли ифтихор эълон медорем, ки маросими оғози ин даҳсола 8 июни соли 2025 дар ҷараёни конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо дар шаҳри Нис бо ҳаммизбонии Фаронса ва Коста Рика баргузор мегардад», — иттилоъ дод ёрдамчии Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Артур Брито.
Ҳамчунин мавсуф иброз намуд, ки ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро бо ифтихор дастгирӣ намуда, дар ҳама ҳолат дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд






