Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи оғози мавсими нави мусобиқаҳои Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо намояндагон ва мураббиёни дастаҳо ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ директори Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон Суҳроб Ашӯров ба дастаҳо оид ба шакли баргузории мусобиқоти мавсими нав маълумот дод.
Даҳ дастаи занона, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, дар чемпионати ҳаштуми Тоҷикистон барои медалҳо мубориза мебаранд. Бозиҳо дар чор марҳила баргузор мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ се даста ба қисми ниҳоии чемпионат роҳхат мегиранд.
Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола 15 даста, ки се гурӯҳро ташкил медиҳанд, иштирок менамоянд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар се давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ ва беҳтарин дастаи зинаи дуюм ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ меёбанд.
Дар гурӯҳи хурдтарин – чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 20 даста ба панҷ гурӯҳ тақсим шуд. Ғолибони панҷ гурӯҳ, инчунин беҳтарин тими ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии чемпионат мебароянд.
Мавсими нави мусобиқаҳои Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон моҳи май оғоз шуда, моҳи ноябр ҷамъбаст мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






