Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти омӯзиш ва ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат дар самти акушер-гинекологӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва дигар масъалаҳо 10 май зимни вохӯрии намояндагони ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Дар ин самт аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Табибони Донишгоҳи улумпизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов, Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара»-и вилояти Хатлон ва барои акушер-гинекологҳои вилояти Суғд машварати омӯзишӣ гузарониданд.
Ҳадафи ин омӯзиш баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва тақвияти донишу малакаи табибон дар самти бемориҳои акушерӣ- гинекологӣ мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






