Нахустин нишасти Муколамаи Тирмиз оид ба робитаҳои мутақобили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор гардид

Май 22, 2025 10:56

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19-21 май дар шаҳри Тирмизи Узбекистон дар мавзуи «Эъмори фазои умумии сулҳ, дӯстӣ ва шукуфоӣ» нахустин нишасти Муколамаи Тирмиз оид ба робитаҳои мутақобили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ доир гардид, ки дар он директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдарзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Уқёнуси Ором, Амрико ва Ховари Миёна иштирок намуданд.

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Рустам Ҳайдарзода дар мавзуи «Эъмори Осиёи Марказии нав: ҳолат ва дурнамо» маъруза  намуд.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 22, 2025 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд