Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Чолпон Отаи Қирғизистон дар Форуми байналмилалии «Сайёҳӣ 2030: Осиёи Марказӣ ҳамчун фазои ягонаи сайёҳӣ» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар форум Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода вобаста ба рушд ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Қирғизистон ибрози назар намуд.
Дар ҳошияи форум Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ ва баргузории форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ, ки бо иштироки Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ нимаи аввали соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, сухан гуфтанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд






