Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми XIII байналмилалии ҳуқуқии Петербург иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Форуми XIII байналмилалии ҳуқуқии Петербург, ки 19 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия оғоз гардид, иштирок намуд. Форум то 21 май идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи кушоди вазирони адлия иштирок намуда, вобаста ба «Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029» сухан гуфт.
Иброз гардид, ки ин барнома ба устуворгардонӣ ва мушаххасгардонии шаклҳои мухталифи тарбия ва ислоҳи маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ маҳкум шудаанд, равона гардидааст.
Форуми XIII байналмилалии ҳуқуқии Петербург майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносони кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Дар форум вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмию амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор менамоянд.
Дар доираи Форуми XIII байналмилалии ҳуқуқии Петербург масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ, рушди ҳамкории ҳуқуқӣ байни давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ёрии ҳуқуқии ройгон дар таҷрибаи байналмилалӣ, мушкилоти татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ ва миллӣ, ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ, рушди технологияҳои муосири иттилоотӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуданд. Дар доираи он инчунин форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколамаҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд баргузор мешаванд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






