Ноҳияи Данғара мизбони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони озарӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд, пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардид.
Дар барнома ҳунармандони озарӣ оҳангу тарона ва рақсҳои миллиашонро пешниҳод намуданд.
Дар назар аст, ки ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар шаҳри Норак бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак» ва дар шаҳри Душанбе бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва Маҷмааи «Истиқлол»-и пойтахт шинос шаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






