Ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 май ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф баргузор мешавад.
Баъдан музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар анҷоми музокирот имзои якчанд санади ҳамкорӣ дар назар аст.
Ҳамчунин меҳмони олиқадр ба корхонаи «ТАЛКО Кабел» рафта, бо фаъолияти истеҳсолии он шинос мешавад.
Интизор меравад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазиранд.
Инчунин 30 май ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок намуда, бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори конфронс мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Дар идомаи сафар ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо менамояд.








Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бошқирдистони Федератсияи Русия мулоқот намуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд






