Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло ва намояндагони давлатҳои иштирокчии конфронс натиҷагирӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар»
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар давоми се рӯз — аз 29 то 31 майи соли 2025 — дар шаҳри Душанбе мо шоҳиди муколамаи созанда, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва донишҳои илмӣ гардидем, ки ҳадафи онҳо ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ дар замони муосир — обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Мо бори дигар таъкид намудем, ки пиряхҳо дар нигоҳ доштани тавозуни экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нақши калидӣ доранд.
Иброз гардид, ки ҳифзи пиряхҳо барои таъмини воситаҳои зиндагӣ, дастрасӣ ба об, коҳиши хатарҳои марбут ба он ва инчунин барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди дарозмуддати минтақаҳои осебпазир зарур мебошад.
Гуфта шуд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиши муҳим ба баргузории муваффақонаи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 саҳми шоиста мегузорад ва талошҳои моро барои қабули тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкили муҳим боз ҳам тақвият мебахшанд.
«Барномаи Конфронс баргузории ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канориро пешбинӣ менамуд», — иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон баён гардид, ки шумора ва сатҳи иштирокчиёни Конфронс беш аз 2600 нафар аз 90 кишвари ҷаҳон бори дигар аҳаммияти минбари Душанберо барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба захираҳои об, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва ҳалли инноватсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани нақши пиряхҳо дар рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва сафарбарии иродаи сиёсӣ ҷиҳати суръатбахшӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои дахлдори Рӯзномаи 2030-ро таъкид намуд.
Такъид гардид, ки натиҷаҳои муҳими Конфронс қабул гардидани Эъломияи Душанбе ва Даъвати Душанбе: даъват барои амал (Dushanbe Appeal: Call for Actions) мебошад, ки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои манфиатдорро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват менамояд.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло доир ба натиҷаҳои муваффақонаи Конфронси сатҳи баланд ибрози назар намуда, онро дар самти тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин дар баргузории Конфронси оби Созмони Миллали Муттаҳид-2026 муассир унвон намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад






