ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 17 май ҳарорати ҳаво баланд мешавад

Май 14, 2025 14:52

ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 май дар мамлакат ҳарорати ҳаво баланд мешавад. Барои ин давраи моҳи май чунин ҳавои баланд ғайримуқаррарӣ аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

15-17 май дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ҳаво аз 34+39 то 37+42 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад.

Инчунин аз 17 то 19 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби воридшавии тӯфони чангу ғубор аз минтақаҳои ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб баландшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз заррачаҳои андозаашон 10 Мкр ва 2,5 Мкр (PM 10, PM 2,5) дар назар аст.

17 ва 19 май рӯзона дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, хусусан дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказӣ чангу ғубор дар назар аст. 18-19 май дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.

Ба мактаббачагон тавсия дода мешавад, ки барои мутобиқ шудан ба чунин шароит барвақт ба мактаб ҳозир шаванд ва давоми рӯз оби кофӣ нӯшанд. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳо, ба монанди чарх задани сар, сустӣ ё аз ҳад зиёд гарм шудан ба духтур муроҷиат кунед.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми тибқи зарурат ба берун баромадан аз воситаҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо истифода намоянд. Ба кӯдакон ва пиронсолон, ки ба ифлосшавии ҳаво ҳассостаранд, бояд диққати махсус дода шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 14, 2025 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид