Оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май зимни конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар таъмини оби мамлакатҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд. Дарёи калонтарин дар Осиёи Марказӣ Амударё аз дарёҳои кӯҳии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва муҳимтарин манбаи оби тоза барои тамоми минтақа мебошад. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захираҳои нодири табиӣ дар ҳифзи экосистемаҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад».
Таъкид гардид, ки гуногунии биологӣ асоси ҳаёт дар сайёра аст. Он аз нигоҳдории иқлим то амнияти озуқаворӣ хизматҳои зиёди экологӣ мекунад. Ҳифзи гуногунии биологӣ кӯшишҳои муштаракро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талаб менамояд.
Дар ин шароит ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон аҳамияти махсус пайдо менамояд. Кори муштарак оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистема барои таҳқиқоти илмӣ ва ҳалли амалӣ, ки самаранокии ҳифзи муҳити зистро дар ҷумҳурии мо ва дар маҷмуъ дар Осиёи Марказӣ афзун менамояд, уфуқҳои нав боз мекунад. Дар ҳошияи ин иқдом 29-31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.
Иброз гардид, ки масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ин замина олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразиталогия ва Институти биологии Помир барои омӯхтани гуногунии наботот ва ҳайвонот, ресурсҳои генетикӣ ва биологии Тоҷикистон таҳқиқоти маҷмуӣ мегузаронанд. Инчунин олимони соҳаи биологияи академия дар асоси таҳлили маълумоти илмии чандинсолаи ҷамъоваришуда моҳи декабри соли 2024 нашри сеюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода ва нашр намуданд, ки дар он оид ба 304 намуди растанӣ маълумот мавҷуд аст.
Дар конференсия олимону муҳаққиқони соҳаи биологияи Тоҷикистон ва Олмон дар мавзуъҳои «Мушкилоти биоиқтисод дар давраи тағйирёбии иқлим ва гум шудани гуногунии биологӣ», «Мушкилот дар соҳаи экологияи ландшафтӣ ва банақшагирии истифодаи замин дар давраи тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ», «Ҳамкории кунунӣ ва ояндадор дар доираи мавзуи конфронси байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон» маъруза намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






